Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии «Пайравони миллат» чорабинии идона доир гардид.  Дар чорабинӣ муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, табрикоти кулли ҳизбиёни шаҳрро ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла зикр дошт, ки таҷлили Наврӯзи ҳуҷастапай аз оинҳои дерини мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо буда, ба шарофати сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Рамон сол то сол бошукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда мешавад. Яке аз русуми наврӯзӣ ин тоза озода нигоҳ доштани манзили худ ва дар ин замина пок намудани ботин аз кинаву кудурат аст.

Дар соли ҷашнии 25- солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи оламафрӯз аз ҳар яки мо сокинони ваҳдатофари кишвар масъулият ва салоҳиятро тақозо дорад.

Муҳаббат Ӯрунбоева дар вазъияти тантанавӣ ба се нафар аъзои фаъоли  ташкилоти ибтидоӣ сипосномаи Кумитаи иҷроияро тақдим намуд.

Аз ҷониби  аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрӣ Баҳром Самадов, донишҷӯи факултети санъат дар васфи баҳор ва Ватан сурудҳо сароида шуд.

Бо баргузории чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби шогирдони боргоҳи маърифати «Пайравони миллат» чорабинӣ хушу хотирмон доир шуд.