Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 700 - солагии  шоири барҷастаи тоҷику форс Шайх Камоли Хуҷандӣ чорабинии адабӣ – мусиқии телевизионӣ  таҳти унвони  «Шакархонаи Камол» санаи 23 апрели соли 2020 дар хона - музей ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки дӯсторони каломи бадеъ ва занону духтарони ҳунарманд ва  фаъоли вилояти Суғд баргузор гардид. Тавре ки  ташкилкунандагон баён доштанд, чорабинии мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд.

Меҳмонони ташрифовардаро дар даромадгоҳи боғ донишҷӯён бо қироъати ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ истиқбол гирифта, дар назди мақбараи шоир пазироӣ карданд.

Баъдан ҳамагон ба китобхонаи Камоли Хуҷандӣ, ки дар дохили хона – музейи ӯ ҷойгир аст, ташриф оварданд.

Дар идомаи чорабинии ҳунари адрасбофии ҳунармандон ба намоиш гузошта, дар назди танӯр самбӯсаи миллии нав пухташуда пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

Камолшиноси ҷавон Шоира Олимзода якчанд ғазали шоирро шарҳ дод ва ҳофизон аз ашъори Камоли Хуҷандӣ суруду таронаҳои дилнишинро иҷро намуданд.