Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам санаи 14.03.2020 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сомон» дар шаҳри Хуҷанд дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегии доманадор баргузор гардид.

Дар шанбегӣ аз ҷониби саҳмгузорони Амали мазкур кӯчаҳо аз партовҳо тоза карда шуд.