Имрӯзҳо сокинони гуногункасби вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, самтҳои асосии онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд. 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 –и шаҳри Хуҷанд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд Салимабону Каримова ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо интихобкунандагон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки дар он муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат зикр гардид.