Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 11.08.2014 таҳти рақами 45 оид ба гузаронидани аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» баҳри амалӣ намудани барномаи ҲХДТ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва бо ин васила баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҲХДТ байни аҳолӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ибтидоии он баҳри амалӣ намудани ин иқдом корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд. Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Тути калон» 4 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳр аз оилаҳои Шокаримовҳо ва Давлатовҳо бо сару либос ва лавозимотҳои мактабӣ дастгирӣ карда шуданд. Ҳамин гуна дастгириҳои аз ҷониби ташкилоти ибтидоии АРЗ-4 дар боғчаи №11, ташкилоти ибтидоии «Палатаи савдо» дар мактаби миёнаи рақами 3 ташкил карда шуданд.