Дар маҷлисгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ доир гардид.

Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки пешрафти фаъолияти ҳизб аз маслиҳату роҳнамоиҳои собиқадорони ҳизб вобастагии калон дорад. Ва зарурати сарҷамъ намудани доираи васеъи собиқадорон маҳз низ ба он хотир аст, ки ин нӯруи бузургро барои осудагии  ҷомеа, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумат ва Барномаи 5 солаи мукаммали ҲХДТ равона намоем.

Муовини раиси шӯрои собиқадорони ҳизб Уғулой Умаралиева дар бораи фаъолияти шӯро муфассал ҳисобот дод.

Собиқадорони меҳнат Шуҷоат Ҳасанова, Олимҷон Ҷалолов  зимни баромадҳои хеш барои боз ҳам пурқувват намудани кори Шӯро дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар баромадҳо таъкид шуд, ки бояд ба насли имрӯз ҳодисаҳои фоҷиабори миллат дар солҳои навадум ва зарурати таъсисёбии ҲХДТ-ро ба дурустӣ фаҳмонем. Диққати асоси ба ҷалби ҷавонон дода шавад. Ҳамчунин собиқадорони ҳизб дар остонаи ҷашни 25 солагии ҲХДТ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ қадрдонӣ шавад.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов дар баробари пешравиҳои соҳа ҳамчунин аз мушкиливу муаммоҳо сухан ронда, зикр намуд, ки ҷалби аъзо аз ҳисоби соҳаҳои саноат ва сохтмон беҳбудӣ мехоҳад. Вазифаи собиқадорон он аст, ки онҳо дар беҳдошти вазъи сифатии аъзо, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аёдати пирони барнодил, нотавону ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи кори ҷаласа Маликисломӣ Наим Мунаввар аз иштирокдорони даъват ба амал овард, ки мақолаи Муовини аввали Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ», ки дар нашрияи «Минбари халқ» ба табъ расдаасту он дар ҳафтавори  кумиҷроияи шаҳрӣ «Шафақ» бознашр шудааст, мавриди омӯзиш дар ҳамаи ташкилотҳо қарор гирифта шавад. Зеро мақолаи мазкур дар бораи зарурати таъсиси ҲХДТ, нақши он дар пешбурди вазъи сиёсии кишвар нақл мекунад.

Ворид намудани тағйиру илваҳо ба ҳайати Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои собиқадорони ҲХДТ аз масъалаҳои минбаъдаи  кори ҷаласа буд.

Ба чанде аз аъзоёни Шӯро барои меҳнати бунёдкорона, робитаи қавӣ бо кумиҷроия дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ ба ҷаласа шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.

Бо ҳамин ҷаласаи навбатии Шӯрои собиқадорон анҷом ёфт.