Дар толори маҷлисгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ, аъзоёни кумиҷроия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, кулли иштирокдорони ҷамъомадро бо 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Номбурда ҳамчунин баён дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба Анҷумани ХIII роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро мебояд, то бо фароҳам овардани овезаҳо ва варақаҳо фаъолияти кори худро дар ин ҳамоиши бузург шоиста муаррифӣ намоянд. Зимнан таъкид шуд, ки ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо, ҷалби аъзои нав, назорати ҳаракати аъзо, баргузории рӯзҳои хониши сиёсӣ аз вазифаҳои ҷонии масъулин буда, бояд бо дастовези азими меҳнатӣ ҷашни 25 – солагӣ дар ҳамаи ташкилотҳобо ҷалби васеи омма қайд карда шавад.

Дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳои рафтуои вакилони Анҷуман ва макони зисти онҳо дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.