Ҳамасола моҳи декабр, дар поёни соли милодӣ ва фурсати наздик ба ҳузури Соли нав рӯйи кор омадани Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳимро барои мо шарҳу тафсир месозад ва ҳамчун як номаи ҳидоятӣ ба барномаи як соли рӯзгори мардум асос мегузорад, дар ташкилоти ибтидоии «Таваллудхонаи шаҳрӣ»  низ мавриди пазироӣ ва ҷонибдории ҳаматарафи қарор гирифт.

Меҳвари асосии барномаи боз як соли пешрафтҳои Тоҷикистони азизро ҳамоно ҳадафи олии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии шоистаи мардум ба вуҷуд овардаанд.

 Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз воситаҳои муҳими таъмини некӯаҳволии мардум буда, эълони Соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад, барои ривоҷу равнақ ва ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ шароити мусоид фароҳам оварад, - иброз дошт, дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева.

Дигар нуктаҳои муҳими Паём аз тарафи Раиси ташкилоти мазкур Бузурукова Шоира Камоловна мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва ҳамовозии ҳаматарафаи коркунони таваллудхонаи шаҳриро ба КИВ ҲХДТ  ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои хирадмандонаи Паёми Пешвои миллат оид ба соҳаи тандурустӣ расонид.

Ҳамзамон, музокирачиён, - табиби эҳёгар Ғафуров Абдурашид, духтури амрози занона Ҳусейнова Гулнора пазироии хешро аз ғамхориҳои дилсӯзонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳандозӣ намудани дастуру супориш, ташаббусу иқдомҳои фардоафрӯзи Сарвари давлат камари ҳиммат баста, саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.