Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру вазифагузориҳои давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди саҳм гузоштан дар ободии кишвар ва рушди саёҳату туризм дар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони «Тоҷикистон минтақаи сайёҳӣ» доир гардид. Дар ин намоишгоҳ донишҷӯёну устодони донишкада намунаи дастранҷи худро, ки барои густариши фарҳангу маданияти Тоҷикистон замина мегузорад, пешкаши аҳли ҳозирин намуданд. Махсусан ба аҳли иштирокдорон намоиши либосҳои миллӣ, лоиҳаҳои минтақаҳои истироҳатӣ, бизнес-план, расмҳои кашидашуда, тӯҳфаҳои омоданамудаи донишҷӯён аз сангу матоҳо барои хориҷиён ва анвои гуногуни хӯрокаҳо писанд афтод.