Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  конфронси илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Симои омӯзгори тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ» бахшида ба Рӯзи муаллимон  бо иштироки васеи устодону  донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронсро ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ифтитоҳ намуда аз ҷумла қайд намуд, ки дар ин лаҳзаи пурнишот ҳамаи Шумоёнро бо Рӯзи муаллимон  самимона табрик гуфта, дар зиндагӣ тансиҳативу хонаободӣ, саодати  рӯзгор, некномӣ  ва дар омӯзишу тайёр кардани мутахассисони шоистаи замон тавфиқу пирӯзӣ таманно дорам. Бигзор таҷаллои анвори меҳру садоқат дар хонадони ҳар яки Шумо партави пурмуҳаббат афканад ва тулӯи ситораи ихлосу саодат қаламрави рӯзгоратонро аз нури иродату ихлос  мунаввар гардонад.

Анвар Мақсудӣ гуфт, ки дар ҳар давру замон мақоми омӯзгор дар ҷомеа нақши чашмгир дошт ва имрӯз низ ин рисолат афзун гашта таваҷҷӯҳи хосаро соҳиб аст. Воқеан ҷаҳони маънавии ҳар як фарди ҷамъият ва бахту саодати  вай ба маҳорати омӯзгор вобаста аст, зеро хишти нахустини дониш ва маърифатро дар бунёди бинои зеҳнии одам устоди илм мегузорад. Имрӯз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат, Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи бештар ҳис мешавад ва Давлату ҳукумат  ҳамеша сайъ менамояд, ки мақому эътибори омӯзгор дар ҷомеа боз ҳам баланд гардад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. 

Сипас, Шавкат Шарипов, дотсенти кафедраи таърихи Ватан оид ба мавзӯъи «Ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгор», Исмоил Пӯлотов, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ роҷеъ ба  «Мақом ва симои омӯзгори тоҷик дар даврони  соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуданд. 

Баъд аз тарафи ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ба 26 нафар тӯҳфа, 24 нафар  ифтихорнома  ва ба 61 нафар раҳматнома тақдим гардид.

Раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи омӯзгорони вилоят Мӯсобек Мироватов ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров бо тӯҳфаҳои хотиравӣ муаллимони пешравро  сарфароз намуданд.

Дар  охири конфронс аз тарафи донишҷӯёни факултети санъат суруд ва шеър қироат карда шуд.