Дар партави ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи байналмиллалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамдастӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд таҳти унвони “Об – манбаи ҳаёт” аксия гузаронид.

Аксияи мазкур бо ҷалби ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардонида, плакати “Об барои рушди устувор, 2018-2028” бо матни шеъри шоир Суруш “Мо аз диёри обҳо” ба мардуми шаҳр тақдим карда шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба аҳмияти об, сарфакории он дар муассисаву ташкилотҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоишта, ободу хуррам, гулпӯшу сарзабз, баракати рӯзгори мо ҳама ба об вобастагӣ дорад. Аз рӯ, барои тозаю зулол будани оби сайёра, ҳифзу сарфакории он бояд ҳама давлатҳои хурду бузург аҳмият диҳад.

Тибқи маълумоти СММ, феълан 1.2 миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Бинобар ин мо вазифадорем, ки обро эҳтиёт кунем, онро  сарфакорона истифода барем, зеро об ҳасту ободӣ ҳаст!

Мо, ҷавонон ифтихор аз он дорем, ки имрӯз Тоҷикистони моро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор масъалаҳои марбут ба об мешиносанд.