Санаи 6 сентябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонба ифтихори 27-умин солгарди Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, раиси КИ ҲХД дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Олимҷон Мирмухаммедов ва устодону донишҷўён ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро бо ин рўзи фархунда 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар қисми аввали маҷлиси тантавӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони «Истиқлолият – рамзи саодати миллат» доир гардид. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ доир ба дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, табрикоти Раиси вилояти Суғд Рааҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба саъми аҳли нишаст расонд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда муборакбод намуда, доир ба саҳми назарраси устодону донишҷўёни донишгоҳ дар тақвияти фаъолияти ҳизб сухан ронд. Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҳабибулло Тоатов зимни баромади худ дар мавзўи «Нигоҳе ба таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» оид ба мушкилиҳои ба даст овардани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Истиқлолият дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуд. «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» ном дошт маърўзаи декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шероз Тоҷибоев. Мавсуф перомуни қонунҳои қабулгардида дар давраи Истиқлолият ва марҳилаҳои он, ки низоми устувори сиёсии демократиии ҷомеаи шаҳрвандиро ба танзим даровард, ихтилофоту номутобиқатӣ ва такроршавиро дар қонунҳо бартараф намуд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонд, самтҳои қонунгузориро такмил дод ва чанд омилҳои дигари аҳамияти қонунгузории давраи истиқлолиятро возеҳ намуд. Маърўзаи докторанти соли 3-юми ихтисоси иқтисодиёти минтақа Давлат Бобоҷонов фарогири масоили нақши Истиқлолият дар рушди иқтисоди миллӣ, сатҳи болоравии иқтисодиёти мамлакат дар муқоиса бо давраи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ буд.
Дар қисми дуюми ҷаласа як гурўҳ устодону кормандон барои меҳнати содиқона дар таълиму тарбияи насли созанда ва саҳми арзанда дар баланд бардоштани обрую нуфузи донишгоҳ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, донишҷўёне, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва роҳбарони онҳо бо мукофоти пулӣ, ғолибони озмуни «Таълифгари беҳтарин» бо Дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва бозии волейбол байни дастаи факултетҳои донишгоҳ бо Диплом ва Ҷоми мусобиқа сарфароз гардиданд.
Ҳамазамон, аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд С.Фаттоҳзода барои хизматҳои шоён дар густариши фаъолияти ҳизб ба ректори донишгоҳ М.Шарифзода ва устоди донишгоҳ Ҷ.Тюраев медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ супорида шуд.
Дар фарҷом барномаи адабию фарҳангии пешниҳодкардаи дастаи созию овозии «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ хотири аҳли нишастро болида намуд.