Бо талабу дархости азҳоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳар моҳ дар идораи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар вилоят муколамаи сиёсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ҳизбҳои сиёсӣ) баргузор мегардад. Ин навбат чунин муколама дар мавзӯи «Фаъолгардонии иштироки занҳо дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он намояндагони ҳамаи азҳоби сиёсии вилоят ва якчанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Муколама бо сухани ифтитоҳии намояндаи МИҲД вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ва Роҳбари идораи САҲА дар вилояти Суғд Келси Харрис Смит оғоз гардид. Ҳозирин маърӯзаи мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд Мунаввара Дадобоева оиди «Раванди иштироки занҳо дар фаъолияти сиёсӣ дар вилояти Суғд», маърӯзаи роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Насл» Орзу Ғаниева дар мавзӯи «Иштироки занҳо дар интихобот» ва маърӯзаи роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Умед» Ибодулло Фаттоев «Маъракаи омӯзонидани овоздиҳандагон ва мавқеи занҳо дар он»-ро шунида, пас ба саволу посух ва музокира шурӯъ намуданд. Аз ҷумла Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов оиди масъалаҳои марбута ибрози ақида намуд. Қайд гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолии кишвар, рушди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ масъалаҳои мақому мавқеи занон мазмуни нав касб намуд. Дар ҷараёни ислоҳотҳо, ташаккули сохтори нави ҷомеа ва навгониҳои мафкуравӣ дар ҷамъият мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ хело боло рафт. Таҳлили ин масъала имрӯз хеле бамаврид аст, зеро вазъияти иҷтимоиву сиёсии мамлакат муттаҳидшавии қувваҳои солими миллат, синфҳо, гурӯххои гуногуни иҷтимоии ҷомеаро тақозо мекунад.

Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар бидуни иштироки баробарҳуқуқонаи мардон ва занон дар ташаккули тадбиқи он наметавонад муваффақиятнок бошад. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи байналхалқиро «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон» ба тавсиб расонид. Вобаста ба ин масъалаи ташкил ва таъмини шароит барои ҷалб кардани занон ба ҷараёни қабули қарор дар ҳамаи самтҳо ниҳоят муҳим аст. Сиёсати ҳадафманди Раиси ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати пешбарӣ кардани занон дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва натиҷаи он ба афзудани сафи намояндагии занон дар парлумони касбӣ мусоидат намуд. Хушбахтона, имрӯз дар палатаи болоӣ-Маҷлиси миллӣ аз шумораи 5-нафар занон 1-нафар аз шаҳри Хуҷанд, дар Маҷлиси вилоятӣ 1-нафар ва дар маҷлиси шаҳрӣ 7-нафар вакилонро занон ташкил медиҳанд. Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ аз ҳисоби 3841-нафар занони ҳизбӣ барои пешниҳод намудани занони болаёқати ҳизб ба Маҷлисҳои маҳаллию вилоятӣ ва парлумони касбӣ шароит фароҳам меоварад.