Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳaд. Ин ҳизби воқеaн ормонӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол қaбл aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист  чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шкуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. 

Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он манша гирифта, рисолати худро  беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат донист.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омадааст, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон зикр шудааст, ки ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд,  бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи иҷрои татбиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ амалҳои шоиставу нек таҳти раиси кумитаи иҷроия Саидӣ Дилафрӯз Раббизода анҷом дода мешавад. Чунончи дирӯз бо тавсияи роҳбарияти кумиҷроия зиёда аз 20 нафар донишҷӯён, ки дар раванди таҳсил ва корҳои тарбия фаъолнокӣ зоҳир намудан ба сафи ҲХДТ шомиил карда шуданд.  Шаҳодатномаҳои ҳизбиро муовини раиси кумиҷроияи ибтидоӣ Хайринисо Темурова дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Маврид ба зикр аст, ки дар 5 ташкилоти ибтидоии кумиҷроияи ибтидоии ҳизб ба  номи Муҳаммад Осимӣ  1158 нафар аъзо муттаҳид шудаанд.