Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба татбиқи нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2018 ва дар доираи эълон гардидани «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 24 апрели соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Сино» бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мизи мудаввар таҳти унвони «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ташаккули инфрасохтори туризми дохилӣ» баргузор гардид.

Шероз Ҳоҷибоев мудири бахши кор бо ҷавонони ташкилоти ибтидоӣ чорабиниро ҳусни оғоз  бахшида, ҳозиринро оиди барномаи машварат шинос намуд.

Сипас, Роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Фирдавс Саидов қайд намуд, ки бо ташаббус ва иқдомҳои хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Баъдан чавонони дар мизи мудаввар ширкатдошта фаъолона саволу чавобхо ва бахсу мунозирахо карда, фикру андешахои худро баён доштанд.

Дар охир мудири бахши ҷавонони ташкилоти ибтидоӣ Шероз Ҳоҷибоев ба меҳмони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.