Ба ифтихори 75-солагии ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, бинокори шоистаи кишвар Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. 

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз хизматҳои бузурги соҳибҷашн дар сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳими кишвар ёдовар шуд. Таъкид шуд, ки  мавсуф солҳои 1985-1988 дар вазифаи раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳр саҳми мондагор доштанд.

 Фаррух Аминов, муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз кору пайкори ин марди соҳибном ёдовар шуда, хизматҳои бузурги соҳибҷашнро ҳангоми дар вазифаи муовини аввали сардори трести сохтмонии вилоят будан дар бунёди беморхонаи клиникавии вилоятӣ, 110 биноҳои серошёна дар шаҳри Хуҷанд, навбати аввали бинои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, корхонаҳои коркарди консерва ва шир дар шаҳрҳои Исфараву Конибодом,  беморхона ва мактаби хусусии «Нур» нек арзёбӣ намуд.

Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич дар фуроварди ҷамъомад миннатдории хешро барои қадршиносии заҳматҳо ба Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Шарифзода Шариф Файз иброз дошта, хотираҳои хешро як- як варақгардон кард. Қайд намуд, ки замоне аз имтиҳонхои сахту сангини ходимони намоёни давлатӣ амсоли Қаҳҳор Махкамов ва Рифъат Ҳоҷиева гузашта, сохтмони бинои беморхонаи клиникавии  вилоятиро пеш аз мӯҳлат бо ҷамъи сохтмончиён иҷро  карда буданд.

Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки касби хешро дӯст доранд, барои тақвияти дониши худ кӯшиш варзанд. Махсусан сохтмончӣ будан шарафу ифтихор аст. Зеро сохтмончӣ маҳсули кори худро ҳамарӯза дида метавонад.

Бо ҳамин ҷамъомади тантанавӣ анҷом ёфт.

 

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд