Мусиқии классикии тоҷик – «Шашмақом» тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта, то замони мо омада расидааст. Ҷаҳониён мусиқии “Шашмақом”-ро, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидааст, пазироӣ намуда, ҳамчун мусиқии касбӣ эътироф кардаанд.

Бахтиёр Давлатов устоди боистеъдод, овозхони ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ ва соли 2017 «Соли ҷавонон» санаи 24 феврал дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи консертии худро таҳти унвони «Шамъи дилафрӯз» ба мухлисони савту суруд пешкаш намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Бахтиёр Давлатов аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми назаррас дорад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар баргузории ин чорабинӣ саҳмгузорӣ намуда, дар рӯзи консерт аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар ба Бахтиёр Давлатов Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.