Дар замони муосир дар ҳар кишваре, ки плюрализм ҷой дорад, ҳизбҳои гуногун фаъолият мебаранд ва бо ҳамдигар баҳсҳои солими ғоявию сиёсӣ доранд. Бо ҳукми Суди олӣ фаъолияти аҳзоб манъ карда мешавад, ки ин як раванди муқаррарӣ буда, дар ҳамаи кишварҳо ба назар расиданаш мумкин аст. Аз ҷумла, ҳизби наҳзат низ ҳамин тавр дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ шудааст ва сабабаш ҳам аниқ буда ба кассе пўшида нест, ки он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудааст.

Хушбахтона, аз асли воқеа ва матлабҳои ин ҳизб огоҳ гашта, қисми зиёди аъзояш ихтиёрӣ барои аз сафи ҳизби наҳзат хориҷ гардидан ариза доданд. Аммо тоифаи дигари он ба хориҷи кишвар рафтанд ва дар Аврупо истода ба муқобили Тоҷикистон ва мардуми он тарғибу ташвиқоти ғоявӣ мебаранд.

Барои онҳо ташкил намудани раҳпаймоиҳо, суханрониҳои иғвоангез як роҳи кор кардани маблағ гаштааст. Маълум аст, ки хоҷагони хориҷии онҳо манфиатдоранд, ки бо баҳонаи рушди демократия ба онҳо маблағу майдони баҳс фароҳам меоранд ва табиист, ки барои ин корашон пул ҳам мегиранд.

Дар арафаи фарорасии Рўзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон низ иғвоангезии наҳзатиён боз боло рафт. Ин маънои онро дорад, ки онҳо на танҳо якпорчагии мамлакатро намехоҳанд, балки ободиву пешравии Тоҷикистони азизро дида наметавонанд.

Мардуми азизи кишварамон мефаҳманд, ки бо талошҳои сахт ва заҳмати фаровон Ваҳдат дар кишвар ба даст омад ва ба қадри он мерасанд. Дигар аҳмақиҳо ва доду фарёди наҳзатиён наметавонад, ки ягонагӣ ва якдилии мардуми кишварамонро халалдор кунад. Ҳарчи мегўянд, аз назари эътибори мардуми соҳибназар дур мемонад.

Аъзои фаъоли ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд

И.Раҳимов