Яке аз фазилатҳои моҳи Шарифи ин покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ мебошад. Тозаву обод нигоҳ доштани оромгоҳҳо, ки мавзеи муқаддас маҳсуб меёбад, махсусан дар ин моҳ амри воҷиб аст. Дар арафаи иди Саиди Фитр дар оромгоҳи "Найсувор"-и шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуда сокинон ва бошандагони маҳал фаъолона иштирок намуда, дар ин кори хайр саҳмгир гаштанд. Дар рафти шанбегӣ оромгоҳҳо ва атрофи он тоза карда шуданд.