Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳамдилӣ" маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. 

Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ мсъалаҳои зерин дида баромада шуданд:

  1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

2.Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022.

3.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

4.Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ–интихоботӣ ҲХДТ дар шаҳр.

5.Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳамдилӣ" оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда ҳисобот дод.

Худоизода Донёри Шер раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

Сипас мудири шуъбаи  ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев баромад намуда, қайд кард, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки ба масъалаҳои роҳандозии чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, Ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум бояд ҳамеша дар маркази диққати фаъолон ва тамоми аъзои ҳизб қарор дошта бошанд.

 Дар маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.