Идоракунии давлати соҳибистиқлол ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ба кадрҳои баландихтисосу содиқ, навовару серғайрат, эҷодкору соҳибфарҳанг ва сифатҳои олии дигари инсонӣ такя менамояд. Заминаи ташаккули чунин кадрҳои арзанда соҳаи маориф, аз зинаҳои аввал то боло маҳсуб меёбад. Зеро, ҷавҳари ғоявӣ ва асоси дониши фард дар ин даргоҳи муқаддас ба камол мерасаду маҳорати боқимонда ба омӯзиши мактаби ҳаёт алоқаманд аст. Рушду такомули нерӯ, ирсӣ ва истеъдоди Худододи шахсият бошад, бевосита ба муҳити солими оила ва ҷомеа вобаста аст, ки дар тамоми ҷараёни ҳаёту фаъолияти фард инъикос меёбад. Бинобар ин, танҳо давлате, ки ба тарбияи кадрҳо таваҷҷӯҳ менамояд, соҳиби ояндаи босуботу боэътимод мебошад. Дар ҷодаи тарбияи кадрҳо набояд эътиқоди диниву мазҳабӣ, мансубият ба миллату халқият, ҷинс, баромади иҷтимоӣ ва омилҳои дигар мавқеи ҳалкунанда дошта бошад. Чунки, фарди ватандӯсти содиқмеҳрро ба сарзамини парваридааш илҳом мебахшаду нерӯи созанда меофарад.

Воқеаҳои давраҳои охир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баамаломада, яъне ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон”, ки ҳамчун созмони ифротӣ шинохта шудааст боиси сару садоҳои бисёр шудааст. Тамоюли такя ба аҳкоми шариати исломӣ нисбати дигар ҷараёнҳо дар ин кишвар бартарият дораду дар ин замина хониш дар муассисаҳои таҳсилотӣ бо ҷудо кардани синф ё қисми алоҳидаи синф барои духтарони то синни 14 сола, манъ кардани таҳсили духтарони болиғ дар донишгоҳҳо ва ҳоказо ба мушоҳида мерасад, ки хеле ҳузновар аст.Таърихи кӯҳани мардуми ориёӣ, аз ҷумла мардуми марзи Афғонистон исбот намудааст, ки аз ҷумлаи занону духтарон шахсиятҳои барҷастаи муаррифгари халқу миллат ва сарзамин буданд, ки то ҳанӯз мояи ифтихор мебошанд. Қаҳрамонҳои Томирису ашъори Зебунисо ва ҳазорон занҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки ҷинси латифи зан ҳамеша ҳам муҳофизи муҳаббату меҳр дар оила ва ҳам шахси бовафою пешбарандаи давлат будааст.

Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои занону духтарони афғон аз ҷониби ҳаракати Толибон зарбаи тавоно ба ояндаи миллату давлат аст ва амсоли задани табар барешаю шохи дарахти устувори давлатдорӣ мебошад. Зеро, духтари бесаводу бефарҳанг ҳеҷ давру замон ҳамсари меҳрубон, модари мушфиқ ва зани порсо буда наметавонад, ки аз мардони хонадон (шавҳару писарон) подшоҳ тарбия намояд. Беэътиборӣ ва таҳқири ҳуқуқи занону духтарон беҳурматӣ ба Ватан-Модар мебошад, ки зеро танҳо тавассути тарбияи модар ҳамаи сарварони мамлакатҳои олам ба чунин мақому манзалат расидаанд.

Дар заминаи андешаҳои баёнгардида масъули ҳамаи сохторҳои давлати Афғонистонро мебояд дурбину оқил, таҳаммулпазиру дурандеш бошанд, ки пояи ояндаи давлатдориро ноустувор нагардонанд.

 

 

Собиров М.С.-аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ

“Бобоҷон Ғафуров” дар назди кумитаи маҳаллаи

“Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд