Санаи 9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, некӣ ба бадӣ ва дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои озодихоҳ ва сулҳпарвару мутараққии ҷаҳон ҳар сол иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузрги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашистӣ бо тантана ва шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Ба ифтихори 72-умин солгарди ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хотири арҷгузорӣ ба қаҳрамонию диловариҳои иштирокчиёни ҶБВ субҳи имрўз Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба аёдати иштирокчиёни чанг Маликаброр Шарипов ва Ҳабибуллоҳ Хоҷаев рафта, зимни сўҳбати гарму самимӣ хотироти айёми ҷангиро варақгардон намуданд. Онҳо зимни суҳбат қайд карданд, ки сирри мувафаққияти ғолибияти армияи пуриқтидори шӯравӣ он буд, ки байни ҷанговарон миллатгароиву ҷудоиандозӣ набуд. Ҳама барои дифои Ватан якҷоя бархоста буданд. Номбурдагон дар сўҳбат шукронаи тинҷиву ободии кишварро намуда, аз ғамхориҳои ҳамешагии давлат ва ҳукумат нисбати онҳо ёдовар шуданд.

Раиси кумиҷроия аз иқдомҳои наҷибонаи ҲХДТ нисбати гиромидошти иштирокчиёни ҶБВ ва дар ақибгоҳ ёдовар шуда, афзуд, ки қаҳрамонию бебокии онҳоро ҳеҷ гоҳ сокинони ваҳдатшиори кишвар аз хотир намебароранд.

Дар фарҷом ба аёдатшавандагон тўҳфаҳо тақдим карда шуд.