Дар арафаи ҷашнгирии 73-умин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамдастии ташкилоти ибтидоии Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд аёдати якчанд нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ шахсони бемор ва маъюбонро ба роҳ монд. Дар ин аёдат муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» Дилдора Ҳалимова иштирок намуда, ба аёдатшудагон маводҳои хӯрока дастрас намуданд.

Аёдатшудагон зимни сӯҳбат аз дастгирию ғамхории давлату ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори шодмонӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби аъзоёни ҲХДТ ва дигар сохторҳои шаҳр тамоми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хизматчиёни ақибгоҳ ва дигар шахсони ба инҳо баробаркардашуда аёдат карда шуда истодаанд ва хизмати ин родмардони Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.