Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону камбизоатон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мунтазам тадбирҳои инсондӯстона ва хайрхоҳӣ гузаронида мешавад.

Дирӯз ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои тиб Илҳомҷон Комилов ба 24 нафар донишҷӯёне, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, кӯмаки пулӣ ва туҳфаҳоти хотиравӣ тақдим карда шуд.
Таъкид шуд, ки дар сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии ятимону камбизоатон дар мадди аввал қарор гирифта, эшон мунтазам мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Комилов аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд, донишҳои муосирро аз бар намоянд, мутахасиси забардаст шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Донишҷӯёни мавриди ғамхорӣ қароргирифта дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва падари ғамхори хеш барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдомоти хайрхоҳона аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд нисбати ятимону камбизоатон дар ҳар иду айёмҳои расмию миллӣ роҳандозӣ карда мешаванд.