Мо - ҷавонон аз истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ менамоем, ки барои мо ҷавонон фазои мусоид фароҳам оварданд, то ки таҳсил намуда, барои рушди босуботи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошем.      

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”

Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, ки “Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”.

Ин ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. 

Мо - ҷавонон ваъда медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намуда, Паёми Пешвои муаззами миллатро дастури амалии хеш қарор медиҳем.

 

Маҳмудов Муталиб Муқимович –

мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари маҳфили

“Пайравони Пешвои миллат”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”