Санаи 1-уми сентябри соли 2015 Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 20-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, муҳасилин ва омӯзгорони дабистони мазкурро аз номи аъзоёни ҲХДТ ба муносибати фаро расидани соли хониши 2015 -2016 табрику муборакбод намуда, ба омӯзгорон барору комёбиҳо ва ба хонандагон хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таманно намуд. Сипас дар маҷлигоҳи мактаб бо иштироки намояндагони дар ин чорабинӣ иштирокдошта ва хонандагони дабистон дарси сулҳ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи шаҳри Кулоб гузаронида шуд, бо воситаи телевизион ба пуррагӣ тамошо карда шуд.