Тибқи нақша чорабинии  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва тандурустии мамлакат дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии №3 вохӯри баргузор гардид.

   Зимни баромад муовини Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ, соҳаи муҳим ва афзалиятноки иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба солимии ҷомеа ва ҳифзу иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода мешавад. Паёми Пешвои миллат ҳамасола ҳамчун дастурамал барои як сол роҳандозӣ шуда моро ба зиндагии шоиста ҳидоят менамояд. Ҳамаи мо саъю талоши худро ба хотири пешраву нерӯманд гардонидани кишварамон ва дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азиз равона кунем.