Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар беморхонаи бачагонаи вилоятӣ бо иштироки кормандони соҳаи тиб мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Мунаввара Дадобоева, муовини раиси Ки ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева  аз таъкиди Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки  чунин аст: “...китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад” ёдовар шуда, ҳамзамон аз нуктаҳои дигари Паём бобати тарбияи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар сухан карданд.

Музокирачиён ҳамзамон зикр намуданд, ки  давлату Ҳукумати  кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати  махсус  медиҳад. Дар давоми сол садҳо  иншооти  тандурустӣ, аз ҷумла   беморхонаҳои  замонавӣ, марказҳои  саломатӣ, бунгоҳҳои  тиббӣ мавриди  истифода қарор дода  шуд. Сифати  хизматрасониҳои  тиббӣ ба  куллӣ  тағйир  ёфта,  маблағгузориҳо ба  соҳаи  тандурустӣ  сол  аз  сол  зиёд гардида истодааст. Аз  ин  рӯ   кормандони  соҳаро зарур аст,  барои  солим  нигоҳ  доштани мардум савияи  касбии  худро  баланд  бардоранд ва дар таъмини солимии ҷомеа талош варзанд.

Ҷомеаи меҳнатӣ бо хушнудии том иброз доштанд, ки ҳар нуктаи Паёмро ба ҷомеаи сернуфузи беморхона мерасонанд.