Тибқи нақшаи якчояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳри Хуҷанд аксияи ватандӯстона ба муносибати 30 – солагии таъсисиёбии иттифоқи ҷавонон дар гирду атрофи шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки волонтёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шахри Хучанд варақаҳои таблиғотӣ ба сокинон тақсим карданд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин аксияҳо ин даъват намудани ҷавонон ба артиши миллӣ, ҳушдор намудани ҷавонон ба муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси  бобокалонҳои номвари мост, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем ва ба қадри ин неъмати бузург бояд расем. Ҳамеша барои ҳифзи ватани худ омода бошем.

Мо чавонон аз мактаби наслҳои куҳансол, сабақаи ватандорию бунёдкориро омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракию сиёсӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ бояд  хислатҳои муҳимтаринӣ мо бошад.