Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собииқадрони ҳизб ва фаъолон ҷаласаи васеи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини Раиси шаҳои Хуҷанд Нуруллозода Фирӯза ширкат варзиданд.

Аз рӯи масъалаи якуми кори рӯзномаи ҷаласа  - Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои барномавии ҳизб барои солҳои 2020-2025, қарорҳои Анҷумани ҳизб ва конференсияҳои вилоятию шаҳрии ҲХДТ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДИ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуд. Мавсуф зимни баромад зикр дошт, ки кумиҷроия дар масъалаи ҷалби аъзо ба сафи ҳизб корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва сокинони шаҳри Хуҷанд пурзӯр намуд ва дар шаш моҳи аввали соли равон 600 нафар ба сафи ҳизб ҷалб гардиданд. Айни замон шумораи ҳизбиён дар шаҳри Хуҷанд ба 19 ҳазору 10 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 875 нафарро занон ва 7 ҳазору 977 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳизбиён дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 240 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. 

Муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” Қодирова Диловара,  раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрӣ Абдуҳаким Шарипов ва мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроия Эҳсон Исоев зимни баромад таъкид доштанд, ки маҳз ҳамдилӣ ва миёни халқ будан обрӯ ва мақоми ҳизбро дар ҷомеа баланд бардошта истодааст.  

Аз рӯи масъалаи дуюми кори ҷаласа роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Азимова Муқаддас Ёдгоровна аз фаъолияти вакилон дар ҳамбастагӣ бо барномаи вакилиашон ҳисобот дода, афзуд, ки вакилон ҳамеша новобаста аз ҷашн маъракаҳо пеши халқ рафта, аз мушкиливу муаммоо онҳо ошно мешаванд ва барои ҳаллаш саҳмгузор ҳастанд.

Дар идомаи кори ҷаласа оид ба омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022 гузориши роҳбари дастгоҳ Маҳмадсалим Ҳайитов ва муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева шунида шуд.

Дар фуровари ҷаласа Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромад  ба фаъолияти шашмоҳаи кумиҷроияи шаҳрӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон барои таҳкими минбаъда дар ҷодаи кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвияти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни ҷавонон, вусъати фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дастур дод.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода аз ҳамкории самарабахши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ёдовар шуда, барои тақвияти фаъолият дар самти коҳиш додани ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон,  пурқувват намудани Ситоди мубориза бо бемории сироятии КОВИД – 19 маслиҳатҳои судманд дод.

Ба якчанд нафар аъзои нав дар идомаи кори ҷаласа шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор чорабинӣ анҷом ёфт.