Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили Рӯзи модарон дар толори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии шаҳр оғоз гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тақвияти дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувони шаҳр ба ҳисоб меравад.