Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд бо истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ», «Тути калон» ва «Хуҷанд» Май вохӯрӣ доир гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯмин Шарифзода ширкат варзиданд

Зимни баромад қайд гардид, ки Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатие, ки 22 декабри соли 2017 манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои 26 соли Истиқлолият ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.