Ғолибияти номзади арзанда, шахсияти нотакрор ва чеҳраи мондагори таърихӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи президентии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба тамоми халқи шарифи Тоҷикистон, хоссатан ба пайравону аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод мегӯем.

Дар сатҳи баланд доир шудани интихобот бори дигар аз фарҳанги баланди сиёсии интихобкунандагон, дӯст доштани обу хоки Ватан ва маҳбубияти халқ нисбати Пешвову раҳнамои халқ дарак медиҳад. Миллати фарҳангпаноҳи мо бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ бо назардошти хизматҳои бузурги таърихии Пешвои муаззами миллат дар назди халқу миллат ба ҷонибдориашон овоз доданд. Раъйи мардум роҳи расидан ба мақсадҳои олию наҷибонаест, ки Раиси муаззами ҳизб дар 7 соли оянда дар Барномаашон зикр намуданд. Боварии комил дорем, ки мо дар якҷоягӣ таҳти роҳнамоиҳои Президенти мамлакатамон дастовардҳои меҳнатимаонро боз ҳам афзун намуда,  давлатамонро пешраву муваффақ мегардонем, садоқатамонро ба ормонҳои миллии давлатамон бо амаламон нишон хоҳем дод. Зеро шиори мо дар ростои татбиқи амалии Барномаи ҲХДТ барои рушди устувор ва  зиндагии шоистаи мардум унвон дорад.

Пирӯзӣ муборак эй халқи олишон, парчами адолату ҳақиқат парафшон бод дар фазои мулки азизам.