Бо мақсадти таҷлили сазовори  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо бо ибтикори Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии «Гулчини маърифат» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳо чорабинии маданӣ – фарҳангӣ доир гардид.

     Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоии “Гулчини маърифат” М. Муинова Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳамагон муборакбод гуфта, диққати иштирокчиёнро ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон, нақшу мақоми ин насли ояндасоз дар ҷомеа, таваҷҷуҳи хоссаи  давлату Ҳукумат ва ҲХДТ ба онҳо ва баҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ҷалб намуд.

      Баъдан барномаи маданӣ    -   фарҳангии омоданамудаи аъзоёни фаъолу пешқадами ҳизб ва шогирдони онҳо  манзур гардид, ки ба ҳамагон писанд омад ва таассуроти хуб бахшид.

     Муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ “Истиқлол”, собиқадори ҳизб Ҳамрохон Атаева ҳамчун намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ин чорабинӣ иштирок дошт. ӯ бо истифода аз фурсат омӯзгорони ҷавони муассисаро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфт ва ба ҳамагон барору комёбӣ таманно кард.