Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади амалӣ гардонидани тадбирҳои муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванд, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми мамлакам тибқи фармоиши Кумиҷроияи Вилоятии ҳизб аз санаи 18 июли соли 2016 таҳти рақами №18 оид ба баргузории аксияи умумивилоятии «Нури маърифат» нақша-чорабинии худро тартиб дода, аксияи мазкурро дар сатҳи зарурӣ баргузор намуда истодааст. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо оилаҳои ниёзманд, ятимони кулл, бепарасторон вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо лавозимотҳои хониш дастрас намуданд. Зимни вохӯриҳо намояндагони ҲХДТ табрикоти роҳбарияти ҳизбро бахшида ба фаро расидани соли хониши 2016-2017 ба хонандагон расониданд. Дар навбати худ оилаҳои дастгириёфта нисбати ин ғамхорӣ миннатдории худашонро ба роҳбарияти ҲХДТ расониданд. Иқдоми аксияи мазкур дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.