Баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и шаҳр дар якҷоягӣ бо МИҲД-и шаҳри Хуҷанд  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Масъулин дар вохӯриву суҳбатҳо оид ба чигуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи геигенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус  тавсияҳо дода, ҳамчунин ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемори сироятӣ коронавируси COVID -19 тақсим карда шуд.