Дар арафаи ҷашнгирии Иди саиди Рамазон ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамдастии ташкилоти ибтидоии Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд аёдати якчанд нафар шахсони бемор ва маъюбонро ба роҳ монд. Дар ин аёдат муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд» Дилдора Ҳалимова иштирок намуда, ба аёдатшудагон маводҳои хӯрока дастрас намуданд.

Аёдатшудагон зимни сӯҳбат аз дастгирию ғамхории давлату ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори шодмонӣ намуда, бори дигар аз рӯзҳои сахте, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба амал омада буд, ёдовар шуда, қайд карданд, ки бояд насли имрӯз аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу суббот шукрона намуда, паи ободии диёр шаванд.