Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба 70 солагии Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова маҳфили хотирмон сурат гирифт.

Дар маҳфили мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, дар бораи роҳи тайнамуда ва ибратбахши Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова баромад намуданд.