Паёми навбатӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ва самимиро ба вуҷуд овард, зеро ҳарф ба ҳарф, нукта ба нукта ва банд ба бандаш саршор аз дастуру ҳидоятҳои созанда мебошад, ки ба хостаю ормонҳои иҷтимоъ созгор афтодааст.

Ҳамин гуна ҳамовозӣ дар ташкилоти ибтидоии «Само» - Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нисбати Паёми Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаронидани мулоқоти судманд бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой роҳандозӣ гардид, шаҳодат аз каломи ҷанбахши Раиси муаззами ҲХДТ маҳсуб меёбад.

«Дар амри ҳифзи асолату ғановати миллӣ ва сарвату дороиҳои бебаҳои табиати дастнахӯрдаи мамлакати мо дар баробари маҷрои ҷаҳонишавии шадид Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани Соли 2018 аз иқдому ибтикороту тадбири муассиру манфиатбахши Сарвари хирадсолору фарҳангпарвари мо гувоҳӣ медиҳад, - мегӯяд зимни суханронии хеш муовини Раиси ташкилоти ибтидоии «Само» Самадова Роҳатой. – Мо аъзоёни ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳем, дар раванди шукуфоии иқтисодии Тоҷикистон саҳми афзун гузошта бошем. »