Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати ҳарбӣ-варзишии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасон ба варзиш, тадбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, рушди тарбияи ҷисмонӣ байни наврасон санаи 11-уми октябри соли 2014 мусобиқаи варзишии «Волейбол» миёни хонандагони Гимназияи № 4 ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа хонандагони Гимназияи № 4 ғолиб омаданд ва барои иштироки фаъолона ба ҳарду даста Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд супорида шуд.