Ба ифтихори иди касбии муаллимон дар кӯдакистони №40–и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гаридид, ки дар он Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид.
Дар чорабинӣ бо сухани табрикотӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, ҳамаи омӯзгоронро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳоро таманно кард. Сипас аз тарафи кӯдакони ин кӯдакистон рақсу сурудхонӣ ва шеъргӯӣ дар васфи омӯзгор доир гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ба якчанд нафар омӯзгорони арзанда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд ва бо ҳамин чорабинии идона ба итмом расид.