Дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Раёсати кумиҷроия доир гардид.

Нахуст раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи маҷлис тибқи талаботи Оинномаи ҳизб, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси кумиҷроия оиди фаъолияти Ситоди «Обуна-2021» гузориш дод.

Наим Маликисломӣ аз рӯи маъалаи сеюм рӯзномаи кори ҷаласа доир ба ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб баромад намуд.

Бо қабули қарорҳо ба бандҳои асосии рӯзнома кори ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.