Ҳифзи марзу бум, дӯст доштани обу хоки Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, хосса ҷавонон маҳсуб меёбад. Боиси хушнудист, ки сол то сол ҳисси ватанпарастии ҷавонон боло рафта, дар маъракаи даъват ба сафи Артиши миллии кишвар онҳо фаъолнокӣ зоҳир мекунанд. Яке аз ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ талқини меҳанпарастӣ ва дар ботини ҷавонон бедор сохтани ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад. Баҳри дар амал пиёда намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб тибқи вазифагузориҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд имрӯз бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Мо, ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем” доир намуданд. Дар аксия наздики 200 нафар ҷавонон ширкат варзиданд брошураҳои таблиғотӣ ҷавононро ба ҳамдиливу дӯст доштани Ватан даъват намуданд.