Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамасола бахшида ба муносибати «Рўзи ҳимояи кўдакон» чорабиниҳои гуногуни адабию фарҳангиро баргузор менамояд. Имсол низ кумиҷроия дар асоси нақшаи тарҳрезӣ гардида баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин рўзи барои кўдакон хотирмон чорабиниҳо баргузор намуд. Аз ҷумла санаи 1-июн дар қаҳвахонаи «Очил» дар ҳамкорӣ бо комиссияи кор бо занони ташкилоти ибтидоии қитъаи рост барои кўдакони ятими мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8, №10, №13 дастурхони идона густурда, кўдаконро бо идашон табрик намуд. Созу навои форам ва сурудаҳои ҳофизон ба кўдакон фараҳмандии фаромўшношуданиро ба вуҷуд овард. Кўдакони даъватшуда соатҳо рақсу таронахонӣ намуда, сипас бо рўҳияи болида ба хонаҳояшон баргаштанд. Санаи 2.05.2015 ба муносибати Рўзи муҳофизати кўдакон чораҷўии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Кўдакон меваи боғи умеди зиндагӣ» дар мавзеи Истироҳатгоҳи Истиқлолият баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони Гимназияҳои №1, №4, МТМУ №3, №15, №16, №17, №30 таклиф шуда буданд. Хонандагон дар давоми рўз бозию хурсандӣ ва рақсу сурудхонӣ намуданд.