Ҳафтаи гузашта ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он котиби ташкилоти ибтидоии ҳизб Ҳафиз Сиддиқов, раиси кумитаи кор бо занони кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат» Муҳайёхон Эргашева ва раиси кумитаи кор бо занони кумитаи маҳаллаи «Хучанд» Зӯҳро Бобоҷонова оид ба нуқтаҳои мубрами Паёми Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масоили танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии мазкур мавриди баҳсу андеша қарор гирифт, ки дар он бо дархост,пешниҳод ва тавсияҳои хеш Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Н.Маликисломӣ баромад намуданд.

Миёни иштирокдорони ҷаласаи мазкур ҳусни тафоҳум барқарор буд, ки дар матраҳ сохтани масоили рӯзмарраи ҷомеа муфиду судманд арзёбӣ гардид.