Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи №4 –и шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, омӯзгорону хонандагонро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуд. Раиси Кумиҷроия қайд намуд, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. Дар охири чорабинӣ ба 20 нафар омӯзгорони гимназияи №4, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ бо ариза муроҷиат карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.