Дар толори мақомоти андози вилояти Суғд бо кормандони ин коргоҳ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, қайд кард, ки паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ намуда, дар заминаи вазъи воқеии ҷаҳони муосир ва масоили мубраму муҳим расонида мешаванд.

Мо, Паёми имсолааи Сарвари давлатро бо  хушнудӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои худ дарёфт намудем. Воқеан ҳам, Пешвои миллат дар баромади худ нуктаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро баён намуданд.  Аз ҷумла, дар самти некуаҳволии мардум ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон чанд пешниҳод  ироа гардид, ки  гувоҳи дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  оид ба саъю талош доштан барои таъсис ва таъмини аҳолӣ бо  ҷойҳои нави корӣ мебошад. 

Соли  2017, ки аз тарафи Роҳбари давлат соли ҷавонон эълон гардид моро рӯҳбаланд гардонид, зеро ояндаи миллату давлат дар дасти ҷавонон мебошад ва моро зарур аст, ки ҷавононро хуб тарбия намуда, онҳоро барои фаъолият бурдан ба ҳама самтҳо сафарбар намоем.

 Инчунин, дар вохӯрӣ раиси кумиҷроия оид ба дастовардҳои замони Истиқлолият ва саҳми назарраси ҲХДТ дар пешрафти саҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сухан ронда, зикр намуд, ки аъзоёне, ки ба сафи ҲХДТ дохил мегарданд, бояд содиқона ва софдилона фаъолият бурда, бо кору пайкори худ намунаи ибрати дигарон бошанд.

 Ҳамзамон дар вохӯрӣ ба 21 нафар шахсони арзанда, ки бо ариза барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ муроҷиат карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд ва бо ҷонибдории аъзоёни ҲХДТ дар назди мақомоти андози вилояти Суғд ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Андоз пояи давлат» таъсис дода шуда, раис ва ҷонишини ӯ интихоб карда шуданд.