Дар доираи эълон гардидани «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мувофиқи нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони фаъоли ҳизб аз Ассотсиатсияи Тараққиёти Сайёҳии «Зарафшон» дидан намуданд.

Сараввал, Роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Фирдавс Саидов қайд намуд, ки бо ташаббус ва иқдомҳои хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Баъдан, Ҷамшед Юсуфов роҳбари ташкилоти мазкур, сараввал, аз таърихи ташкилшавии ин ташкилот ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод ва иброз намуд, ки ҳамаи ин пешравиҳо маҳз бо дастгирии оқилонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.