Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори ташкилоти ибтидои "Амонатбонк"  мизи мудаввар доир гардид, ки дар он аъзои фаъоли ин ташкилот ширкат варзиданд.

Вакили маҷлиси шаҳрии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Қаҳҳорзода Меҳрдод зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур баён дошт, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маркази маъмурии кишварамон буда, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба шаҳри мӯҳташам ва азим табдил ёфтааст. Маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Душанбе ба маркази ташаккули тамаддуни муосири тоҷик табдил ёфта, қомат афрохтани ҳазорҳо иншооти муосири замонавӣ имкон дод, ки сокинонаш дар қиёс ба 30 соли пештара ба маротиб афзуд. Имрӯз Душанбе натанҳо пойтахти кишвари офтобии мо балки шаҳри ормонҳо буда, дар оғӯшаш ҳазорон ҳазорон ҷавононро тарбия намуда истодааст.

Муовини раиси ташкилоти ибтидоии "Амонатбонк" Мадина Набиева зимни баромади худ зикр намуд, ки тавассути корномаҳои созандаи шаҳриёри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки аз мактаби бузурги тарбияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарс омӯхтааст, ҳамаҷониба рушд намуда дилработар шуд. Душанбеи азизи мо имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, дар симои Душанбе падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории классикӣ ва ҷаҳони муосир муҷассаманд, ки мо дар гӯшаву канори олам ба мушоҳида мегирем. Қоматафрозии биноҳои баландошёнаи дорои унсурҳои фарҳанги миллӣ ва муосир, меҳмонхонаҳо бо муаррифии падидаҳои миллӣ ва хидматрасонии сатҳи баланд, марказу боғҳои фарҳангӣ, варзишгоҳу муассисаҳои маорифу тандурустӣ, кушку кохҳои фарҳангии муҷаҳҳази ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон моро итминон мебахшанд, ки барҳақ, Душанбеи мо имрӯз машҳури дунё ва тахтгоҳи тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ гардидааст. Душанбе имрӯз моро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо мо пайванд мекунад.

Пешвои миллат ҳамеша аз такя ба қудрат ва тавонмандии ҷавонони саодатманди тоҷик сухан мекунанд ва ба ин неруи фардосоз ҳамеша бо боварӣ ва эътимод менигаранд. Ҷавонон низ дар симои Пешвои миллати тоҷик шахсияти ормонии хешро пайдо намудаанд  ва  бо  ифтихор худро “Пайравони Пешвои миллат” унвон мекунанд.  Корномаҳои раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчун  пайрави ҳақиқии Пешвои миллат ва намояндаи насли ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи шукӯҳу нусрати нав бахшидан ба шаҳри Душанбе ва татбиқи сиёсати бузурги Пешвои миллат дар амри ташаккули фарҳанги шаҳрдории тоҷикон дар давраи нави таърихи давлатдории тоҷикон ин ҳақиқатро тафсир намуда, бори дигар садоқати ҷавонони созандаи Тоҷикистонро ба ин сиёсат собит намуд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.