Ноором будани як гӯшаи Тоҷикистони азиз боиси ноором гардидани авзои сиёсии тамоми кишвар, зери суол рафтани сулҳу салоҳ ва якпорчагии он хоҳад гашт. Ба хотири таъмини амнияти кишвар имрӯзҳо дар Бадахшон ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният фаъолият дорад.

Аммо бо камоли таассуф, бархе нафарони пайдо шуданд, ки моҳияти ин фаъолияти сохторҳои қудратиро, ки барои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо сафабар шудааст, дуруст сарфаҳм нарафта, сару садоҳҳои бардуруғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, ҳатто ин иқдомро “лашкаркашӣ” унвон намуданд.

Ба он натиҷае, ки Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят дар муддафи фаъолияти як моҳаи худ ноил гашт, метавон дилпурона гуфт, ки ситоди мазкур танҳо бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта дар ин минтақаи дурдастӣ мамлакат ташкил гардидааст, на чизе дигар.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Бадахшон дар соли ҷорӣ дар маҷмуъ 20 адад иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногуни маблағузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва ё ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҷлили 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ, ки боз як намунаи қадршиносии Сарвари давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Дар охир гуфтаниам, ки моро беш аз пеш зарур аст ҳамчун соҳибватанони асил барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа атрофи сиёсати хирадммандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бардуруғ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем